Санаи 16.02.2019  тибқи накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  баҳри  созандагию ободкори бахшида ба 26-солагии таъсисёбии «Артиши милли»  бо иштироки ҷавонони маҳалла дар «Майдони ситораҳои Хуҷанд» шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур бошандагони маҳаллаи «Ҷаббор Расулов» ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ширкат намуданд. Иштирокдорони ин ҳашари умумимаҳаллагӣ ҳудуди маҳалларо аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалла саҳми худро гузоштанд.