Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент санаи 16-уми ноябр дар ташкилоти ибтидоии “Шифокор” дар назди   беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва сартабиби беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Фарух Мақсудзода ва аҳли ҷомеаи кормандони беморхона чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Фарух Мақсудзода ифтитоҳ намуда, оид ба нақши Иҷлосия тақдирсоз ва Пешвои миллат дар раванди пойдории сулҳ баромад намуд. Инчунин ба ин санаи муҳими таърихӣ видеоролик намоиш дода шуд, ки он тарғибгари ғояҳои миллӣ ва корҳои ободкориву бунёдсозии Пешвои миллатро дарбар мегирифт.

Ҳамчунин, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бахтиёр Исматчонов баромад намуда, иштирокчиёнро бо ин рӯйдоди таърихӣ муборакбод кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар аъзоёни нав ба сафи ҳизб қабулшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.