Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи “ДИИШ” ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.

Аз маълумотҳои мунтазам ба аҳли ҷомеа тариқи расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ пешниҳодгардида дида мешавад, ки дар ҳақиқат дар ин самт корҳои муайяне иҷро шудааст. Яъне ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки аз рӯи гумроҳиву нодонӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилоту равияҳои ифротӣ пайвастаанд, тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шудааст, то ки чунин шаҳрвандон ба Ватан баргардонида шуда, онҳо бо тартиби муайяншуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд.

Пеш аз ҳама бо ин мақсад вохӯрӣ ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа мунтазам гузаронида шуда, фаҳмонида мешавад, ки имрӯз ҷаҳон дар вазъияти ниҳоят ноорому печида қарор дошта, терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам рӯз ба рӯз доман густурда, боиси ба ҳалокат расидани хазорон нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани миллионҳо одамони бегуноҳ гардида истодааст. Тавзеҳ дода мешавад, ки вазъи мавҷуда бисёр ташвишовар буда, онҳое, ки ба чунин кирдорҳои нангин даст мезананд, номи неки миллати тоҷик, аз ҷумла мардуми соҳибмаърифати Тоҷикистонро доғдор месозанд.

Зимни вохурӣ ва баромадҳо фаҳмонида мешавад, ки «бо дастрасии эзоҳи моддаҳои 307 иловаи 3 ва 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдорҳои онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд».

 

Мафҳуми ин моддаҳои қонун на танҳо дар вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа, инчунин зимни вохуриву суҳбатҳо бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта возеҳу равшан фаҳмонида мешаванд.

Дар натиҷаи чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта танҳо бо кӯмак ва роҳнамоии милитсия аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе Раҳматов Раҳматулло Ҳасанович, Каримов Аҳлиддин Наҷмиддинович, Амирхудоев Одина Бодуршоевич, Сайбурҳон Шарипов, Ҷӯраев Далер Раҳматович, Ҷӯрабеков Маҳмаднаим Маҳмадраҳимович, истиқоматкунандаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ Саодатов Исматулло Қудратович, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳасанова Раъно Қаҳрамоновна ва даҳҳо нафари дигар бо изҳори пушаймонӣ ва хоҳиши худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти милитсия ҳозир шуданд.

Аҳли шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳатто тамоми мардуми олам ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кори одилона, хайрхоҳона, дурандешона ва ғамхорона арзёбӣ намуданд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки чунин сарвар дорем ва пайваста аз он шукр мекунем. Зиндаву поянда бод Ватани азизам Тоқикистони соҳибистиқлол ва сарвари он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Абдураҳмонова М.А. – сармуаллимаи

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон