Имрӯз яке аз собиқадорони меҳнат, сокини маҳаллаи Сари Баландии шаҳри Хуҷанд Марҳамат Абдуқодирова ба синни мубораки 76 расиданан.

Аз ин лиҳоз аъзоёни ҳазорнафараи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, хосатан гурӯҳи «Созанда» - и Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Марҳамат Абдуқодироваро бо зодрӯзаш шодбод гуфта, бо ӯ тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Ҳамзамон, Марҳамат Абдуқодирова – модари отифаву солеҳа ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ояндаи дурахшони он дасти дуо бардошта, ба ҷавонон дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои дониш то ба кайҳон бурдбориву комгорӣ таманно намуд.

ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Хуҷанд ба Марҳамат Абдуқодирова тансиҳативу дарозумрӣ, саодати зиндагӣ ва ободии рӯзгор таманно намуда, аз забони Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ гуфтанием:

 

Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,

Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!