Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯриву мулоқотҳо бо аъзоёни ҳизб бо маром идома дорад.

Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Пӯлод Атаев” дар толори МТМУ №27 –и шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳрӣ Ӯғулой Умаралиева ва мудири шуъбаи занони кумиҷроия Дилрабо Қурбонова баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки тамоми натиҷаю дастовардҳои кишвари мо маҳз бо саъю талош ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои зиндагии шоиста ва фаровонии рӯзгори марудум ҳамеша ғамхориҳои зиёд мекунанд. Имрӯз мо бояд ҷавобан ба он Паёмро роҳнамои фаъолияти хеш қарор дода, баҳри рушду нумуъ ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.