Ҷаласаи навбатии аъзоёни раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар онро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки дар ҳайати кадрии кормандони дастгоҳи кумиҷроия тағйирот ворид гардид. Мукаррама Неъматова, ки қаблан дар вазифаи мудири шӯбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ фаъолият менамуд, бинобар дар сини нафақа будан, бо хоҳиши худ барои барканорӣ аз ин вазифа ариза  навишт.  Маликисломӣ Наим Мунаввар дар идомаи суханронии худ аз хислатҳои ҳамидаи Мукаррама Неъматова давоми чанд соли ҳамкорӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки мавсуф шахси ҳалолкор, поквиҷдон ва муҳимаш ташкилотчии моҳир буда, ба шарофати муносибати хуб доштан бо атрофиён робитаи ҳизб бо ҷомеа, махсусан бо занон густариш ёфт. Ташкили маҳфилҳои «Рози бону», «Ҳимояи оила» ба номи ин шахсияти масъулиятпеша марбут аст. 

Маликисломӣ Наим Мунавар дар идомаи баромади худ қайд кард, ки муаллима минъбад низ чун роҳнамои ҳизбиён бо мо ҳамкориро идома дода, барои густариши фаъолияти ҳизбиён чун аъзои шӯрои собиқадорон кор хоҳанд кард. 

Ба номбурда дар вазъияти тантанавӣ дастаи гул ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимова низ дар баромади хеш аз самраи ҳамкории бахши занони кумиҷроияи шаҳрӣ бо шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ ҳарф зада, саҳми Мукаррама Неъматоваро дар баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа нек арзёбӣ намуд. Аз номи кумиҷроияи вилоятӣ ба мавсуф барои меҳнати шоён дасттагул ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрӣ Абдуҳаким Шарипов аз даврони ҳамкорӣ бо Мукаррама Неъматова дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуда, ӯро шахси соҳиродаву заковатпеша унвон кард.

Сипас ба аъзоёни раёсати кумиҷроия номзадии Зеварой Бобоева ба вазифаи мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия пешбарӣ карда шуд.  Мавсуф устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар факултаи суханшиносӣ ба ҳайси номзади илмҳои филологӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Зеварой Бобоева қаблан низ ба шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ робитаи қавӣ дошт. Бо ҳамовозии аъзоёни раёсати кумиҷроия Зеварой Бобоева мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия интихоб гардид.

Маликисломӣ Наим Мунаввар ба мудири шӯъбаи тозаинтихоб барои фаъолияти минбаъдааш барор хоста, таъкид дошт, ки аз маслиҳатҳои мудири шӯъбаи собиқ корро идома диҳад.