Мувофиқи нақша чорабинии Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани «Соли ҷавонон» рӯзи гузашта байни донишҷӯёни факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тақвияти дӯстӣ ва ватанпарастӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар ин мусобиқа 4 даста ширкат варзида, маҳорати хешро нишон доданд. Дар охир донишҷӯёни курси якум сазовори ҷои аввал, донишҷӯёни курси сеюм ҷои дуюм ва курси 2 ҷои сеюм гардиданд.

Дар ҷамъбаст ҳамаи иштирокчиён бо сипоснома ва медалҳо қадрдонӣ карда шуданд.