Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ исбот намуд, ки ба сари қудрат омадани ҳизбҳои динӣ оқибат бо қафомонӣ ва зиддияти равияву мазҳабҳои ҷомеа меанҷомад. Зеро бо роҳи зўрӣ бор кардани ақида ба мардум ва бо шеваҳои тундгароӣ идора намудани давлат аз ҳар ҷиҳат боиси нобудии низоми сиёсӣ мегардад. Ба сари қудрат омадани «ихвониҳо» дар Миср ва зиддияти мазҳабӣ дар Афғонистон, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Имрўз замони он расидааст, ки пеши ҳизбҳои динии ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ, ки исломро воситаи ба қудрат расидан истифода менамояд гирифта шавад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки чунин ҳизбҳои исломӣ аз ҷониби қудратҳои сиёсии махсуси ҷаҳонӣ пуштибонӣ карда мешавад. Набояд он рўзҳои сахти солҳои аввали истиқлолият, ки дар кишвар бо иштироки намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад фаромўш намоем.

Имрўз низ аз ҷониби созмону ташкилотҳои динӣ ба мисли Ҳизби наҳзати исломӣ кўшишҳо барои ноором кардани вазъи суботу ороми ҷомеа ба назар мерасад. Гарчанде онҳо берун аз Тоҷикистон қарор дошта бошанд ҳам, бо роҳҳои гуногун мехоҳанд афкору андешаи мардумро вайрон намоянд. Ба қавли Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».                                         

 Хизбҳои динӣ мухолифи роҳи интихобнамудаи кишвар, яъне низоми демократӣ ва дунявии давлат мебошанд. Бо ҳар шаклу тарзе кўшиш менамоянд, ки низоми сиёсии дунявиро аз байн бурда, низоми диниро ҷорӣ карда бошанд. Озодии виҷдонро, ки Конститутсия ба шаҳрвандон кафолат додааст, бекор менамоянд. Хизбҳои динӣ аз  равишҳои зўрӣ ва маҷбурнамоӣ кор гирифта, аз ўҳдаи давлатдорӣ ва таъмини хуқуқу озодиҳои шаҳрвандон намебароянд. Ба сари қудрат омадани Муҳаммад Мурсӣ ва дар муддати кўтоҳ ба шикаст дучор шудани авзои сиёсии ин давлат худ исботи ин гуфтаҳо мебошад.

Аз ин рў, моро зарур аст, ки дар фикри таҳкими суботу оромии кишвар ва рушди ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем. Дастаҷамъона муқобили зуҳуротҳои номатлуб, ифротгароиву терроризм мубориза бурда, нагузорем, ки заррае ҳам мақсадҳои ғаразноки душманони миллат амалӣ гардад.

 

Шўҳрат Саидзода,

аъзои ҳхдт дар шаҳри Хуҷанд

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ