13 май соли 2016 11 ҳазор нафар ҷавонони Суғдзамин дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар» раҳпаймоӣ намуданд. Намояндагони ҷавонони вилояти Суғд зери шиори «Ҷавонон ҷонибдори рушди босуботи кишвар» аз ду самти хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва аз тарафаи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев раҳпаймоӣ намуда, дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гирди ҳам омаданд. Дар ҳузури ҷавонон муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки барои ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарасти тоҷикистонӣ мояи ифтихору сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати сулҳофаронаву ваҳдатгароёна, хирадмандонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона қадамҳои устувор мегузорад. - Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тақозои замон буда, дар густариши равандҳои демократӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ, оиладорӣ, таълиму тарбияи насли ҷавону наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши муассир дорад. Аз ин ҷост, ки иқдоми Шумо - ҷавонони саодатманди вилоят ба истиқболи ин рўйдоди муҳим, ки имрўз дар сурати раҳпаймоӣ доир гардид, бешак баёнгари он аст, ки Шумо ҷавонони бонангу ори Ватани азизи мо аз ин рўйдоди бузурги сиёсии кишвар бо ихлосу меҳру саодатмандии тамом истиқбол намуда, рўҳияи баланди худро дар ин тадбири муҳим ва изҳори ҳамраъйӣ аз ин чорабинии сарнавиштсоз баён доштед – илова намуд, муовини Раиси вилоят. Дор чорабинӣ инчунин муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода низ суханронӣ намуд. Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури ҷавонони ҷамъомада чорабинии калони фарҳангӣ баргузор шуд ва раҳпаймоии ҷавонон ба иди воқеӣ табдил ёфт. Таронаҳои марғуби тоҷикона, ки ифодагари сулҳу ваҳдати пойдори тоҷикон аст, дар фазои шаҳр танинандоз шуд ва боиси суруру шодмонии иштирокдорони раҳпаймоӣ гардид. Бояд ёдовар шуд, ки санаи 22 майи соли равон дар Тоҷикистон раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатию рукнҳои асосии он равона гардида, ҳамзамон барои рушду мукаммал шудани он бо забони давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Дигар аз зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки ба ҳамкории минбаъдаи байналмилалии кишвар тавсеа ва рушд мебахшад.