Бо иштироки муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва  раисони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ҳизб, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандгони Ватан”  ҷаласаи васеи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо рӯзномаи кори ҷаласа ҳозиринро шинос намуда, фаъолияти шашмоҳаи аввали ҳизбиёни шаҳрро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод. Дар баромади раиси кумиҷроия зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 360 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб ҷалб шуданд. Айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳри Хуҷанд ба 18 ҳазору 191 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 633 нафарро занон ва 8 ҳазору 219 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 234 адад ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд.  Вобаста ба роҳандозии корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии Коронавирус навъи КОВИД – 19 дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ситод ташкил гардида, ҳамарӯза дар миқёси шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҳамагӣ дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ 26 ҳазору 619 вохӯриҳо баргузор гардид ва 59 ҳазору 565 маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба сокинон дастрас шуд. Ҳамчунин кумиҷроия бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони халқ ва фаъолони ҳизб барои пешгирии касалии сироятии Коронавирус ба табибону ҳамширагони тиб ва оилаҳои ниёзманд 201 адад корҷома, маводи хӯрокворӣ ба маблағи 39 ҳазору 168 сомонӣ, 27 ҳазору 267 адад ниқоби муҳофизатӣ ва дигар маводҳои муҳофизатӣ аз қабили 5 ҳазору 262 дона дастпӯшак, 2 ҳазору 492 дона антисептик, 400 дона собун, 140 литр хлори моеъ ва 100 кг хлори хушк  дастрас намуд.

Сипас, музокирачиён Хӯҷаева Зуфнуна, сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд, Маҳмудов Абдумуталиб, аъзои фаъоли ҳизб, намояндаи кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»,  Қаландарова Раъно, муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷавонӣ»,  Ҳаитов Маҳмадсалим, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ҳизбӣ нуктаи назари хешро иброз доштанд.

Муовини Раиси кумиҷроия дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода  доир ба тақвият  бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар самти ҷалби аъзо, низоми ҳуҷҷатгузорӣ,  мубориза ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус нуктаи назари хешро иброз дошта, ба фаъолияти минбаъда дастуру ҳидоятҳоро ироа намуданд.

Ба як қатор фаъолони ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.