6-уми ноябр воқеан барои халқи шарифи тоҷик санаи таърихию фаромӯшнопазир аст. Зеро маҳз 22 сол муқаддам санади муҳими ҳуқуқии кишвар, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Маҳз бахшида ба рӯзи қабулшавии  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 5-солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумиҷроия бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар мавзӯи «Конститутсия- кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мизи мудаввар баргузор гардид.

 Дар аввал роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов дар мавзӯи  «Конститутсия- кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза кард.

Баъдан ҷонишини роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд Исматҷон Ҷумаев баромад карда, доир ба бандҳои Конститутсия сухан ронд.

Сипас, байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардид.