Дар Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат варзида иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқомати аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизб дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ тасдиқ карда мешавад.

Дар ҷараёни кори маҷлис пеш аз ҳама аз ҷониби раиси кумиҷроия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзои нав супорида шуд.

Сипас, бо таклифу пешниҳодҳои аъзоёни ҳизб дар назди Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Зарзамин» таъсис дода шуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлили

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд