Бахшида ба солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи «М.Осимӣ» дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Сайёҳӣ: имконият ва заминаҳои нави ҳамкорӣ” баргузор гардид.

Бобати рушди сайёҳӣ дар кишвар муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи «М.Осимӣ», омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Хайриниссо Темирова суханронӣ намуд. Донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ Бахтиёр Ҳомидов дар мавзӯи “Имкониятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон”, Фаррух Умаров ва Ҷамшедҷон Абдуназаров бо маърӯзаи “Нақши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар густариши иқтидори содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Азимҷон Турсунов “Таҳлили хусусиятҳои соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.