Дар маҷлисгоҳи  коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи Хуросон №29 вохӯрии номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир гардид.

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ Хайрулло Нурматов вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Шахсони боэътимоди Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр, номзад ба вакили Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ аз хавзаи интихоботии «Сирдарё» №1, Манучеҳра Кенҷазода, номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии «Хуросон» №29 аз баёни ум рва муҳтавои барномаи пешазинтихоботии номзадон аҳли нишастро шинос намуданд.

Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр ва Кенҷазода Манучеҳра  барои пешбарии номзадиашон ба кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба шаҳри Хучанд изҳори сипос намуда, хизмат кардан ба халқро рисолати вакилии худ донистанд. Баён шуд, ки ширкати бисёрсоҳавии «Барс» барои татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саъю талош варзида, то ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 1000 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин менамояд.    

Дар ниҳояти маҷлис сокинони маҳалла барои дастгирӣ ва ташаббусҳои созанда ба номзадони арзанди изҳори сипос намуданд.