Андозро баракати хазинаи давлат меноманд. Халқи тоҷик тавассути сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилотро бартараф намуда, дар роҳи расидан ба баландтарин ормонҳои давлатдорӣ, аз ҷумла барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ қадами устувор гузоштааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи андоз дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Аъзоёни ҲХДТ, кормандони соҳаи андози вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳам дар гуфтору ҳам дар кирдор ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Мақсади асосии кормандони соҳа ободии кишвар, ғанигардонии буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ягона мебошад.

Имрўз ҳар фарди солимфикри ҷомеа медонад, ки баракати хазинаи давлат аз бисёр ҷиҳат ба андозҳо вобаста аст. Андозҳо аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки барои қаноатманд намудани ниёзҳои иҷтимоӣ ва давлатдорӣ нақши муҳим мебозанд. Тавассути андозҳо давлат сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии худро муназзам месозад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли кормандони мақомоти андози ҷумҳуриро бо иди касбии мақомоти андоз табрик намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар орзу менамояд. Иди касбии кормандони мақомоти андоз муборак!