Дар маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонови шаҳри Хуҷанд вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳалла вобаста ба маъаракаи муҳими сиёсӣ – интихобот ба мансаби президентӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД – 19 доир гардид.

Мадина Салимова, мудири шуъбаи кор бо занони дастгоҳи КИВ ҲХДТ, Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Эҳсон Исоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Хайринисо Темурова, собиқадори ҳизб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, танзимгари кумитаи маҳаллаҳо дар МИҲД –и шаҳри Хуҷанд,  нозири минтақавии маҳалла дар баромадҳои худ аз сулҳу суботи сартосарии мамлакат, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат, дар амал ҷорӣ шудани қонунҳое, ки ба зиндагии мардум сабукиҳо овард,  сухан ронда, зикр доштанд, ки дар саргаҳи ин ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Вазифаи мо аҳли кишвар он аст, ки ҳамсафони худро дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ба зиндагии ростин талқин намуда, ба оромиву сулҳи бебозгашти кишвар арҷ гузорем.

Дар идомаи мулоқот аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади коҳиш додани хатари сироятёбӣ аз бемории КОВИД – 19 шаҳрвандонро мебояд, ки ба талаботҳои санитариву гигиенӣ риоя намоянд. Бе зарурат ба кӯчаҳо набароянд ва ҳангоми гаштугузор ҳатман ниқоби ҳимоятиро пӯшанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба раиси  кумитаи маҳалла Ёқубов Муҳаммадҷон шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Раиси маҳалла ба аҳли иштирокдорон оид ба вазъи участкаҳои интихоботӣ, ҷараёни омодагиҳо, насби шиору овезаҳо ҳисобот дод.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.