Тибқи накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  дар маҳаллаи  Навбаҳор - и шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ  шанбегии дастаҷамъӣ доир намуданд.

Дар шанбегӣ кормандон ва бошандагни маҳалла муҳити гирду атроф аз ҳар гуна алафу партовҳои бегона тоза намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар оянда низ баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон, хоса шаҳри Хуҷанд кӯшиш ба харҷ дода, дар шукуфоии як гӯшаи шаҳрамон саҳм мегузорад.