Дар доираи ҳафтаи поси хотир ба истиқболи 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” чорабинии адабиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби раиси кумиҷроия ба якчанд шахсоне, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.