Оила сарвати бебаҳои ҷамъият буда, маҳз дар оила инкишофи шахсияти инсон оғоз мегардад. Мавқеи оила дар тарбияи фарзанд бисёр муҳим буда, муносибати дӯстии падару модар, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории онҳоро дар ин самт таъсиргузор аст. Муносибати ғамхоронаву меҳрубононаи волидон инкишофи фарзанд ва дунёи маънавии ӯро рушд медиҳад. Мардуми соҳибтамаддуни Шарқ дар бунёди оила дорои одобу ахлоқи махсуси миллӣ мебошанд. Дар асл одоби оиладорӣ, масъалаи нав набуда, он барои тамоми давру замон муҳим ба шумор меравад. Ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ машаққату роҳаташ аз он ибтидо мегирад. Дар асоси нақшаи кории шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд санаҳои 27.05.2015 дар МТМУ №3 ва 28.05.2015 дар МТМУ №15-и шаҳр бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯъҳои маърифати оиладорӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ бахшида ба эълон шудани соли 2015 «Соли Оила» маҳфили мубоҳисавӣ баргузор гардид. Дар маҳфил занони барӯманд, собиқадорони ҳизб, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд М.Ҳомидова иштирок ва баромад намуданд. Иштироккунандагони маҳфил дар бораи сабаб ва омилҳои асосии ба вуҷуд омадани муноқишаҳои оилавӣ, пешгирии барҳамхӯрии оилаҳо, тарғиб ва омӯзонидани устуворию мустаҳкамии оилаҳо, омӯхтани одоби муошират, пеша кардани сабру таҳаммул, фарҳанги либоспӯшӣ, арҷгузорӣ ба либоси миллӣ, ваҳдати миллӣ. ҳуввияти миллӣ, меҳанпарастӣ ва омӯхтани касбу ҳунар, аз ҷумла атласу адрас ва қолинбофӣ ибрози ақида намуданд. Сипас байни хонандагон ва иштирокиёни маҳфил баҳсу мубоҳисаҳо ва саволу посухҳо баргузор гардид. Хонандагон бо шавқи том дар мубоҳиса ва саволу ҷавоб иштирок намуданд.