Дили фитодаеро шод кардан ва хурсанд кардани ятимон худ кори хайру савоб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ятимонро дастгириву пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳеҷ гоҳ ба нимароҳ намегузоранд ва то ба воя расидан ва соҳибмаълут гардидан кӯмаки худро дареғ намедоранд.

Бояд зикр намуд, ки ятимону бепарасторон ва кишрҳои ниёзманди ҷомеа аз тарафи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд дар ҳар иду айём аёдат карда шуда, аз ҳолу аҳвол ва рӯзгори эшон ҳамеша бохабар гардида ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

Ҳарки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Дар остонаи таҷлили иду баҳору зебогӣ – Наврӯзи некӯфол бо дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксия таҳти унвони “Ҳар ки хандонад ятими хастаро” дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дорад.

Дар партави ин иқдом дар шаҳри Хуҷанд дар боғи фарҳангӣ – фароғатии Камоли Хуҷандӣ дар толори бозиҳои бачагона бо роҳандозии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ 45 нафар кӯдакони ятимони кулл ройгон ба бозиҳои бачагона ҷалб карда шуданд.

Дар аксияи мазкур намоянда аз Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шӯрои собиқадорони ҳизби кумиҷроияи вилоят Саидбой Зокиров ва раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва дигарон иштирок доштанд.

Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, зеро онҳо бо руҳияи болида ва идона дар аксия ширкат намуданд. Аз тарафи кумиҷроияи шаҳр ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.