Имрӯз дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи барқияи кумиҷроияи вилоятӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба баргузории маъракаи ҳисоботӣ – интихоботӣ дар моҳҳои июн ва июли соли равон  барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  гузаронида шуд.

Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар семинарро ифтитоҳ намуда, дар ҳамҷоя бо иштирокчиёни семинар барои пешбурди фаъолият якчанд масъалаҳои муҳими ҳизбиро баррасӣ карданд.