13 август дар толори калони  Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон конференсияи навбатии кумитаи иҷроияи ибтидоии  «Инқилоб» дар назди кумитаи маҳаллаи  «Тути Калон» бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.

Дар рафти  конференсия нахуст баромади раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Инқилоб» Рауф Олимӣ  шунида шуд.

Баъдан муовини раиси  кумитаи иҷроияи ибтидоии  «Инқилоб» Азимов Абдумавлон  оид ба вазъи обуна ба рӯзномаҳои хизбӣ гузориш дода, андешаҳои худро вобаста ба бартарии  ҲХДТ аз дигар  хизбхои сиёсии  кишвар, тарзи интихоби вакилон ба конференсияи 24 – уми  КИ ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд, пешбарии вакилон ва тасдики рӯйхати онҳо тарики овоздихии кушод баён намуд. Дар идомаи конференсия  вакилони арзанда ба конференсияи 24 – уми КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  пешбарӣ ва тасдик шуданд.

Дар рафти музокира чанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб изхори боварй ва иродати хешро нисбати ташаббусҳои созандаи ҲХДТ, ки аз  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, иброз намуданд.

Дар конференсия ба ҳайси намояндаи   КИ ХХДТ дар шахри Хучанд Зеварой Бобоева ва Эхсон Исоев иштирок доштанд.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ ба аъзоёни фаъоли ҳизб дар вазъияти тантанавӣ   Сипосномаи КИ ХХДТ дар шахри Хучанд супорида шуд.