Дар доираи мулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо интихобкунандагон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатӣ бо кормандони соҳаи иқтисод ва саноат, маҳаллаҳои Раззоқ, Қорираҳмат Қурбонов, Масчиди Савр, Чорчароғ, Хуҷанд, имомхатибон баргузор гардид.

Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.

Гулбаҳор Назирӣ гуфт, ки тавре дар Паёми Пешвои миллат ишора рафт: «Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.»

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз ҷониби Роҳбари Давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Ва дастур дода шуд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии   кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, воқеият ва дурнамо сухан карда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои намоён ва шоиста ноил гардид. Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз дастовардҳои муҳими   солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ қадамҳои муассир мегузорад. Зикр шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба баъзе мушкилоти ҷомеа кишварамон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бунёди иншооти муҳим дар кишвар ва ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шаҳодати ин гуфтаҳост.

Дар охир миёни интихобкунандагон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ саволу ҷавобҳо баргузор гардиданд