Нимаи дуюми рӯзи 2 декабр пас аз мулоқот бо фаъолони ҳизбӣ  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо ҳамроҳии Раиси кумичроияи шаҳри ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар бо мақсади аёдати собиқадорони меҳнат  Фотима Самадова ва Ҳамроҳ Тоҳирова рафта, онҳоро бо 26 солагии таъсисёбии ҲХДТ  табрик намуда, саҳми онҳоро дар рушд ва пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар нек арзеби намуданд. Каҳрамонони меҳнат бо шукргузорӣ аз хаёти  осоишта миннатдории хешро ба роҳбарияти олии ҳизб расониданд.

 Ба онҳо тӯҳфаҳои хотирави такдим карда шуд.

Хамзамон имруз бо ёдовари аз кору пайкори яке аз фаъолони ҳизб, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҳизб меҳнати садоқатмандона кардааст ба ҳавлии равоншод Анвар Расулович, собиқ раиси кумичроияи вилояти ташриф оварда бо пайвандони марҳум сӯҳбату мулоқот намуданд. Зимни сӯхбат нақши равоншодро дар устувори ва пешрафти хизб дар вилоят нек арзеби карданд.