Ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май дар саросари кишварамон Рӯзи дави миллӣ таҷлил карда мешавад. Имсол низ мусобиқаи мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баршузор гашт. Аз ҷумла Дави миллӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ доир гардид.

Дар қатори намояндагони гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва аъзои фаъоли намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" дар ин чорабинии муҳим иштирок намуданд.

Воқеан Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ба варзиш Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба соҳа шурӯъ кард. Ҳамзамон ба хотири оммавияти варзиш имконият фароҳам оварда шуд, ки рушди намудҳои гуногуни варзиш таъмин гардад. Ҳамин буд, ки ба хотири ҳамдилии миллати тоҷик дар соли 1993 аз тарафи ҳаракати олимпӣ Дави олимпӣ баргузор шуд ва он давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамасола барзузор мегардад.