Дар  пайравӣ ба иқдому ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, нафарони имконияташон маҳдуд, пирони барҷомонда ва собиқадорони меҳнат дар моҳи шарифи Рамазон амали хайру  савоб  аз ҷониби нафарони  эҳсонкор хеле зиёд шуда истодааст.

Субҳи имрӯз 28 марти соли 2023 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Меҳрдод Қаҳҳорзода бо аъзои оилаҳои ниёзманд, собиқадорони меҳнат, маъюбони ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Дуредгарон” №6 вохӯрӣ доир намуда, дар баробари мулоқоти самимӣ ба онҳо кӯмакҳои моддию молиявӣ намуданд. 

Зимни суҳбат қайд гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсониро дар мадди аввал гузошта, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани ҳар як шаҳрванд кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳ ба ингуна кишрҳои ниёзманди ҷомеа дар мадди назари давлату ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  қарор дорад. ҲХДТ фаъолияти хешро зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба қишри ниёзманди ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, баҳри некуаҳволии мардум саҳми худро гузорад.

Аёдатшудагон бо шукрона аз амну амонӣ аз ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, баён доштанд, ки чун нафарони роҳнамо дар ҷомеа барои тарбияи насли ояндасоз хизмат хоҳанд кард.