Дар толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2022 бо иштироки намояндаи кумиҷроияи вилоятӣ,  котиби масъули ҳафтаномаи “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсуфова, раиси ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” Гавҳар Қаҳҳорова  ва аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” Гавҳар Қаҳҳорова оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар соли 2022 дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Мавсуф зимни баромади хеш афзуд, ки аз 81 нафар аъзоён 75 нафарашонро занҳо ташкил дода, дар соли сипаришуда 11 нафар аз ҳисоби ҷавонон сафи аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ зиёд гардид. Аз тарафи масъулин ҳисоботи ташкилоти ибтидоии мазкур қатоатбахш арзёбӣ гардида, барои ислоҳи камбудиҳо ва пешбурди фаъолият дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон дар рафти маҷлис Моҳира Раҳимзода оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баромад карда, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат  барои мо сокинони кишвар роҳнамо ба сӯи ояндаи дурухшон ва зиндагии шоиста  ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ расидан ба ҳадафҳои хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат мо аҳли ҷомеа низ дар рушду нумуъ ва ободкориву созандагии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем.