Ҳамасола дар қаламрави кишвар санаи 12- май ҳамчун Рӯзи касбии ҳамшираҳо қайд карда мешавад.Таҷлили ғайрирасмии иди касбии ҳамшираҳои шафқат  аввалин маротиба соли 1965 сурат гирифта буд, вале ба таври расмӣ онро аз соли 1974 ҷашн мегиранд. Дар асл ин ид таърихи 150 сола дорад, вале танҳо аз соли 1974 Шӯрои байналмиллалии ҳамшираҳои шафқат, ки ба он 141 давлат аъзо мебошад, қарор қабул кард, ки иди касбии ҳамшираҳои шафқат маҳз ҳамин рӯз, яъне 12 май ҷашн гирифта мешавад. Ҳамшираи тиббӣ шабонарӯзӣ беморро назорат мекунад ва дар бораи вазъи саломатии бемор ба духтур хабар медиҳад. Илова бар ин дар шароити клиника, маҳз ҳамшираи тиббӣ таҳлили нақшаи табобат ва ҳамоҳангсозии ёрии тиббиро мегузаронад. Ин муваффақиятҳо дар натиҷаи мунтазам беҳтар гардонидани сифати таҳсилоти тиббӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, ҳамчунин ҳамкорӣ ва робитаву алоқамандии ҷамъиятҳои тиббӣ ба даст омаданд. Таърихи консепсияи кори ҳамширагӣ барои дақиқтар тавсиф намудани нақш ва фаъолияти ҳамшираи тиббӣ васеъ аст. Кори ҳамширагӣ малакаҳои махсуси касбиро фаро гирифта, татбиқи донишҳоеро пешбинӣ мекунад, ки дар заминаи таҳсилоти клиникӣ ва назариявӣ асос ёфта бошад. Ғайр аз ин он бештар ҳамчун илм эътироф шуда истодааст.

Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд ба номи Баширхон Исҳоқӣ имрӯз баҳри омода намудани мутахассисони хуб ва ҳамшираҳои кордон фаъолияти густурда дорад. Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо садҳо нафар хатмкунандагони коллеҷи мазкур дар соҳаҳои гуногуни тиб кору фаъолият доранд.

Ба муносибати таҷлили Рӯзи касбии ҳамшираҳо дар толори Коллеҷ чорабинии бошукуҳ доир гардид, ки дар намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Баҳодур Бахтиёрзода иштирок ва баромад карда, омӯзгорон ва донишҷӯёни ин боргоҳро аз номи кумиҷроия табрик кард.