Рӯ овардан ба асолати миллӣ, тарғиби фарҳангу тамаддуни беш аз ҳазорсола ва дар тинати шаҳрвандон бедор кардани худшиносии миллӣ аз рукнҳои асосии соҳибдавлатии кишвар маҳсуб меёбад. 27 сол аст, ки Тоҷикистони озоду обод давлатдории худро мустақил дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш мебарад. Ва бояд эътироф намуд, ки дар ин солҳо кишвари мо  аз имтиҳони сахту сангин гузашта, танҳо наздики 18-сол аст, ки барои бунёдкориву созандагӣ иқдоми ҷиддие пеш гирифтааст. Роҳандозӣ шудани се ҳадафи стратегии давлат имрӯз иқтидори кишварамонро боз ҳам қавитар намудааст. Акнун пешорӯи мо шаҳрвандони мамлакат танҳо омӯзиш ва тақвият бахшидани ҳунар ва малака меистад.

Мусаллам аст, ки имрӯз раванди муҳоҷират дар тамоми олам вусъати тоза пайдо кардааст ва хоҳ – нохоҳ талабот ба бозори меҳнат торафт меафзояд. Дар ин росто оне зиндагии худро комилан пеш бурда метавонад, ки соҳиби ҳунар ё ягон малака бошад. Бесабаб Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳои худ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо ҷомеа аз ҳунару ҳунаромӯзӣ, диққати хоса додан ба техникаву технология ва таваҷҷӯҳи хосса додан ба илмҳои дақиқ ҳарф намезананд. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат ба ин масъала тавваҷӯҳ намуда,  таъкид доштанд: “ Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем. Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”. Вобаста ба амалӣ гардонидани ин нуктаи муҳими Паёми Сарвари давлат  раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо занҳои ҳунарманди шаҳри Хуҷанд Ҷӯраева Мавлуда, Холматова Савринисо, ки миёни ҷомеа бо ҳунари асили худ аз қабили дӯзандагӣ, мӯҳрабофӣ, қуроқдӯзӣ машҳуранд, мулоқоти озоду самимӣ орост. Зимни суҳбат қайд шуд, ки зарурати сарҷамъии ҳамаи ҳунармадон бо ташкили як маҳфили марифатию сиёсӣ дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ  ба миён омадааст. Дар ин маҳфил дар баробари табодули таҷриба, ҳамчунин аз дастоварду мушкилиҳои соҳа сухан рафта, барои ҳаллаш яқчоя кӯшиш меварзем. Бо ин васила ҷалби аъзо аз ҳисоби ҳунармандон зиёд мегардад. Таклиф аз ҷониби ҳунармадон бо хушнудӣ қабул гардид.