Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну муҳтавои баланд дошта, масазад онро ба таври шоиста таҷлил намоем. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мардуми кишвар дар фазои тинҷу ором ва ободу зебо умр ба сар мебаранд.

Ба муносибати истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамомии ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз он ҷумла дар   ташкилоти ибтидоии “Умедбахш” дар назди беморхонаи бачагона, ташкилоти ибтидоии “Ӯғулой Шамсиддинова” дар назди таваллудхонаи вилоятӣ маҷлиси тантанавӣ барпо гардид, ки дар он намояндаҳо аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад карда, ҳамагонро бо Рӯзи Президент табрик намуданд.

Воқеан ҳам, маҳз бо талошу заҳматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони маҳбуби мо рӯз то рӯз пеш рафта истодаасту рӯ ба тараққиёт дорад, инро бевосита ҳар сокини кишвар эҳсос мекунанду шукронаи ватани орому осоиштаро доранд.