Вақте муроҷиатномаи донишмандони тоҷикро мутолеа намудам, аз корҳои кардаи ТТЭ ҲНИ ҳамчун як нафари тоҷик шармам омад. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон вабои аср (COVID 19) фарогир аст. Тамоми ҷаҳон аз вабои аср хело осеб дидаанд аз ҷумла давлати мо низ. Дар ҳоле, ки мардум аз ин вабо аср азият кашида истодаанд, тавассути соманаҳои интернети чун мор ҲНИ, ки фаъолияти он дар ҳудуди Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 сентябри соли 2015 фаълияти онро қатъ намуда буд, аз суханҳои ноҷо нисбати давлати мо гуфта шуда буд.

Ҳол он ки тамомои ҷамъияти ҷаҳонӣ дастаҷамъонамубориза бар ин вабо буданд, ташкилоти террористии Ҳизби насҳати исломи аз кунҷи торик бар ҳоли мардуми тоҷик механдид. Аз гуфтаҳои онҳо гӯё давлати мо қудрату тавонии нисбат бо мубориза COVID 19 – надорад ва ба халқи худ ёрӣ расонида наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳури тамоми тавоноии худро ба соҳаи тандурусти равона сохта дар ин соатҳои вазнин, ки дар души мардуми тоҷик афтода буд доимо сарпарастори халқ буданд.

Он шахсоне, ки нисбати халқи тоҷик ҳар гапҳои бар дуруғ, ноҷо, қабеҳ, ғаразҳои зиёдро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн месозанд, намехоҳанд, ки давлати Тоҷикон ҳувайдо гардад. Аммо мардуми тоҷик тӯли таърихи саргузаштаи худ аз чунин душманони халқи худ хуб огоҳ аст ва сахтию, талхии ҷангҳои чунин душманонро на бар чашм балки бо тан чашидааст. Хушбахтона халқи тоҷик аз суханҳои ҲНИ – и бардуруғ огоҳ буда ҳушёрии худро аз даст надодааст.

Халқи тоҷик қадру қиммати Ваҳдати миллиро дониста сӯ ба ояндаи дурахшон равона аст!!!

Мо амалҳои ТТЭ ҲНИ-ро дар шабакаҳои интернетӣ дида, онро маҳкум мекунем. Ин амалҳои аз як террор кам нестанд. Зеро мафкураи мардумро заҳролуд месозанд.

 

Дадобоева Мавлуда–дотсенти факултети

 санъати тасвирӣ ва технология

ааъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд