Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол байни донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои олӣ ва мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи модар ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров иштирок варзида, ба дастаҳои ғолиб ҷомҳои ифтихорӣ, диплом, медалҳои ифтихорӣ ва мукофотҳо тақдим намуданд.

Мақсади асосӣ аз амалӣ намудани иқдоми мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бонувон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи васеи бозии волейбол дар байни бонувон маҳсуб меёбад.