Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои хоҷагии халқи кишвар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамовозии ҳамаҷониба паёдо мекунад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон Паёмро чун нишондиҳандаи асосии самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ арзёбӣ намуда, онро чун дастурамали ҳидоятӣ сармашқи кору паёкори хеш қарор додаанд.

Бояд зикр камуд, ки ба Барномаи рушди иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар зиёда 5,3 млрд сомонӣ ҷудо шуда, барои ҳадафҳои созандаву бунёдкорона равона шудаанд. Ин шумора ба маҷрои рушди иқтисоди миллӣ тағйироти куллӣ ворид месозад.

Чӣ тавре дар Паём ироа гардид: «Соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 млрд сомонӣ баробар гардид.

Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 млрд сомонӣ расонида мешавад. Ҳамзамон, дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи Барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт».

Ин ва дигар нуктаҳои мубрами Паёми навбатӣ дар мулоқоте, ки дар ташкилоти ибтидоии «Маркази савдои Ҳоҷиабдулазиз» ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Аҳророва бо коркунони Маркази савдо  мавриди шарҳу тавзеҳ ва баррасӣ қарор дод.