Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  конференсияи 24 - уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бо иштироки намояндаи КИМ ҲХДТ Шарифзода Мӯмин Машокир, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва вакилони конференсия доир гардид.

         Чорабиниро раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни ифтитоҳ бахшид. Вакилон пас аз тасдиқи ҳайати Раёсатии кории конференсия, рӯзномаи кори конференсия, ҳайати комиссияи мандатӣ, ҳайати котибот, ҳайати таҳририя, регламенти кории конференсия, тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи кори конференсия шурӯъ намуданд.

         Раиси кумиҷроия  Маликисломӣ Наим Мунаввар дар бораи омодагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр дошт, ки интихобот марҳилаи тақдирсоз барои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Маҳз пешрафт ва шукуфоии миллат аз чигунагии натиҷаҳои интихобот вобастагии калон дорад.

          Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби пешрав ва мавқеи устувор дар ҷомеа дошта аз он ифтихор дорад, ки номзади пешбарикардаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии худро сарбаландона иҷро намуданд. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, мактабу маориф, бахшҳои кишоварзиву соҳибкорӣ ҳамзамон аз нуктаҳои Барномаи амали хеш ёдовар шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ҷавҳари Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъмини зиндагии шоиста ба мардум ташкил медиҳад. Зина ба зина баланд шудани маоши кормандони буҷавӣ, дастгирии қишрҳои осебпазир,  бунёди беш аз 1000 километр роҳу нақбҳо, тармиму таъмири роҳҳои аҳамияти байналмилаливу дохилӣ ва дар ин замина раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тавассути бунёди 150 нерӯгоҳҳои хурду бузург ба монанди нерӯгоҳҳои обии барқии  Сангтӯда - 1 ва Сангтӯда- 2, Помир, мавриди азнавсозию барқарорсозии нерӯгоҳҳои бузурги Норак ва Қайроққум ва ниҳоятан ба кор даромадани ду агрегати нерӯгоҳи бузурги аср – “Роғун”, таъмини амнияти озуқаворӣ бо истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна ғаллагиҳо ва картошка, табдили хоҷагиҳои калонҳаҷм ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аз кишвари аграрӣ гузаштан ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ. Ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии соҳибкории хурду миёна маҳз аз амалишавии Барномаи пешазинтихоботии Сарвари давлат дарак медиҳад. Гузашта аз ин Президенти мо ташаббускори иқдомҳои башардӯстонаву хайрхоҳона дар мавриди истифодаи оқилонаи об буда, се пешниҳоди аҳамияти байналмилалӣ доштаашон шурӯъ аз соли 2003 аз ҷониби бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои пешрав дастгирии ҳамҷониба ёфт. Маҳз бо иқдоми сулҳпаваронаи Пешвои муаззами миллат дӯстии тоҷикону ӯзбекон баъд аз 24 соли ҷудоӣ дар арафаи баҳори соли 2019 дубора барқарор шуд.

          Раиси шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, раиси кумиҷроияи ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ зимни музокира баён доштанд, ки марҳилаи муҳими сиёсӣ фаро расидааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар доираи идрок ва фаҳмиши худ ояндаи худро интихоб намояд. Онҳо ҳушёр буданду мусаллаҳ будан бо дониши сиёсиро бурди ҳар як шаҳрванд донистанд.

         Аъзои кумиҷроияи Марказии ҳизб Шарифзода Мумин Машокир таассуроти худро аз ҷаласаи  Кумиҷроияи Марказии ҳизб ироа дошта, баён дошт, ки роҳбарияти олии ҳизб вазифаҳои ҳизбиёнро пешорӯи интихобот муайян карда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки бештар рӯ ба мардум ниҳанд ва аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳ бошанд.

         Фирӯза Нуруллозода дар баромадаш аз омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба маъракаи сиёсӣ ва ҳамкории мақомоти иҷроия бо кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сухан ронда, зикр намуд, ки мақомот дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ пеш аз ҳама ба ин ташкилоти муқтадир такя мекунад ва боварии комил дорем, ки мо дар ҳамҷоягӣ ин маъракаро дар сатҳи баланд доир менамоем.

         Дар баромади Аминҷон Шарифзода таъкид шуд, ки интихоботи навбатӣ аз ҳар як узви ҳизб масъулиятнокиву дониши баланди сиёсиро тақозо мекунад. Бояд ки зимни ташвиқу  тарғибот ахборотчиён аз татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки тавъаманд бо стратегияҳои давлатанд сухан ронанд. Ба сифати аъзои  узви пешрав ва ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ бояд мавқеи мустаҳкам дошта бошанд.

         Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзномаи конференсия иштирокчиёни конференсия 54 нафар вакилонро ба конференсияи 14- уми Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, ки санаи 21 август доир мешаванд,  пешбарӣ намуданд.

         Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор конференсия ба кори худ анҷом бахшид.