Ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд » дар кумитаи маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссара Сангинова, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова ва доктори илмҳои иқтисод Абдумавлон Азимов   бо ҷалби сокинони маҳалла вохӯрӣ доир гардид.

Дар баромади Муяссара Сангинова қайд шуд, ки омили асосии ҷудошавии оилаҳо ин пеш аз ҳама тайёр набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва нофаҳмӣ байни арӯси хонадону хушдоманҳо маҳсуб мешавад. Бояд, ки дар ин замина ҳамкории аҳли ҷомеа, хосса фаъолони маҳалла бо оилаҳо қавитар карда шавад.

Муҳаббат Ӯрунбоева оиди татбиқи босамари қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада зикр намуд, ки қабули қонуни мазкур  дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак диҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Заррина Манонова низ зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки роҳандозӣ гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд » пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ, аҳамият додани волидон ба хонишу рафтори фарзандон мусоидат намуд.

Абдумавлон Азимов гуфт, ки терроризми     ва  экстремизми   байналмилалӣ   дар  ҷаҳони  муосир  аз  масъалаҳои  доғи  рӯз  ва  нигаронкунанда  ба  ҳисоб  меравад. Ин  хатари  даҳшатовару  марговар  мардуми  сулҳхоҳи  дунёро  ба  ташвиш  овардааст. Мо  бояд  дарк  кунем, ки  авзои  сиёсии  олам  дар  ибтидои  асри  21  ба  куллӣ   тағйир  ёфт. Экстремизми  динӣ   ва  терроризми  байналмилалӣ    аз  доираи  давлатҳои  алоҳида  баромада  ба  падидаи  ҳалоктовари  аҳли башар  табдил  ёфтааст.

Дар фарҷом иштирокдорон ба саволҳои худ доир ба мавзӯи мазкур саволҳо дода,  посухҳои мушаххас гирифтанд.