Оила чун ниҳоди асосии ҷомеа дар рушди такомули давлат мақоми хоса касб кардааст.

         Дар раванди ҷаҳонишавӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то арзишҳои асосии фарҳанги оиладории тоҷикӣ ҳифз карда шаванд. Огаҳии комил доштан оид ба маърифати оиладорӣ иқдоми ҷиддиест дар ҳалли мушкилоти оиладорӣ.

         Роҳандозӣ гардонидани маҳфили “Мактаби хушдоман” дар кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаҳодат аз он медиҳад, ки мо дар эҳё кардани анъанаҳои хуби оиладорӣ, мустаҳкам кардани нуфузи оила дар ҷомеа, дастгирии муқадасоти оилавӣ ба мисли муҳаббат, вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми босазо ва мондагор мегузорем.

         Лозим ба ёдоварист, ки ин навбат маҳфили “Мактаби хушдоман” бо сарварии мудири шӯъбаи кор бо занони  кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Суғд  Фирӯза Раҳимзода  дар  КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом гузаронида шуд.

         Оила макони беолоиш ва бехатар барои ҳар як аъзои оила мебошад.

Оила ҷаҳони хурдест, ки фалсафаи худро дорад.

 Ин ва дигар  нуктаҳо дар маҳфили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шаш оилаи намунави бо барномаҳои ҷолиб баромад намуда оиларо чун макони муққадас тарбияи шахси комили ҷомеъа муариффи намудаанд.

“Бо эътимоду боварии комил гуфта метавонем, ки баргузории чунин маҳфилҳо аҳмияти назаррас доранд ва барои баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд”,- мегӯяд, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева

         Дар маҷмӯъ, маҳфили “Мактаби Хушдоман” метавонад одамонро барои барпо кардани оилаи намунавию солим ҳавасманд гардонад.