Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ имрӯз санаи 3-юми октябри соли равон роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов барои аёдати сарбозони  Баталиони 4-уми Бригадаи посбоникунандаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати адлия ва қисми ҳарбии 9829 Раёсати қушунҳои сарҳадии  КДАМ  дар вилояти Суғд  ташриф намуда, кормандон ва сарбозонро бо Рӯзи забони давлатӣ муборакбод карданд.

Чорабиниро раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин қадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд.

Миллат ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

Дар заминаи забони тоҷикӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар асоси муқоисаи хусусият ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯхтани забони хориҷӣ ба манфиати кор буда, шахсе, ки донандаи чанд забон мебошад, аз таъриху фарҳанги миллати дигар огоҳ аст ва таъриху фарҳанги миллиро низ ба ҷаҳониён метавонад муаррифӣ кунад.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки Воқеан ҳам эҳёи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дастоварде буд, ки ба музаффарияти давлат  дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд. Бузургтарини он пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд. Махсусан нақши барҷастаи онро дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ метавон арзёбӣ намуд, ки ҳамчун рисолати таърихӣ шоистаи таҳсину офарин аст.

Дар чорабинӣ ҳамчунин аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуда, аз шароити буду боши сарбозон ошно гардиданд.

Ҳамзамон якчанд нафар сарбозони пешқадам бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Мақсад аз ташкил баргузории чорабинии мазкур ин ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва инчунин ҷалби ҷавонон ба ободкориву созандагӣ, меҳнатдӯстиву хештаншиносӣ  мебошад.