Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо зарурияти бисёрҷониба, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешкадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри ХХI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол карда истодааст. Ба ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмуи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд ва дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амният на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ( байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмиллалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмиллалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Мусаллам аст, ки гурӯҳҳои мухталифи ифротгарою тундрав, аз қабили ТЭТ ҲНИ солҳои тӯлонӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, паси парда нақшаҳое таҳия намуда буданд ва барои амали намудани нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро барҳам зананд. Онҳо мехостанд ба ақидаҳои бегонапарастии худ, ки сарчашма аз хоҷагонашон мегирифтанд субот ва сохти Конститутсионии ҳукумати феълиро сарнагун созанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи Истиқлолияти давлатиамон борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуда, ниҳоят соли 2015 амали анҷомдодаашон чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба ҳамагон ошкор шуд. Вақт собит намуд, ки ҳизби номбурда қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисодӣ ва ичтимоии кишварро надошт. Бо ибораи дигар ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расми натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд.

Абдуев Абдуҳамид,

омӯзгори калони кафедраи

забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии

Донишкадаи политехникии

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

ба номи Муҳаммад Осимӣ