Тавсияҳои дар баромади Мирзораҳим Кузовро – аъзои ТЭТ ҲНИ  ва Паймони миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии конференсияи САҲА шунида бо изтироб баён медорам, ки ин қабил афродҳо боз барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ ба сулҳу оромӣ ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон таҳдид меоранд. Пешравиҳои кишварамонро чашми дидан надорад. Арзҳои ӯро фитнаангез ва ғаразона, инчунин хиёнаткорона барои Тоҷикистон меҳисобам.

Дар кишвари биҳиштосоямон аз рӯи хусусиятҳои этникӣ таъқиб вуҷуд надорад. Баръакс, барои сокинони  минтақаи Бадахшон дар ҳама соҳаҳо бартариҳо пешбинӣ гаштанд. Ҳол он, ки онҳо низ аз қабили тоҷикону намояндагони миллатҳои Тоҷикистонанд. Аз ҷумла, дар тамоми низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ин минтақаи Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар сатҳи Конститутсия бо таври ҳуқуқӣ – махсусан муқаррар гаштааст, ки яке аз ҳайтҳои кадрии мақомот бояд аз намояндаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бошад. Масалан, яке мувофиқи қисми яки моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст. Мувофиқи моддаи 89 Конститутсия бошад яке аз судяҳои Суди конститутсионӣ намояндаи ин минтақаи осмонист. То ҳатто, дар Қонуни асосӣ барои ин воҳиди маъмурӣ – ВМКБ боби алоҳида бахшида шудааст, яъне ки боби 7. Ба ҳамингуна мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Зеро дар ҷомеаи мо барои ҳамаи шаҳрвадон имкониятҳои баробар муҳайё гаштааст.

Чи тавре, ки яке аз поягузорони давлати шӯравии мо Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар маърӯзаҳои худ борҳо қайд намуда буданд, ки мо ҳама тоҷикем. Забону лаҳҷаҳои маҳаллӣ – ин дигар будани миллату халқиятро ифода намекунад…

Мо агар ба забони гуфтугӯи маҳаллӣ тавваҷӯҳ намоем, дар Тоҷикистон забонҳои маҳаллии чандин вуҷуд доранд. Аз ҷумла, забони яғнобӣ. Ин асос намегардад, ки мо ба хоинони миллат имкон диҳем, ин қисми таркибии Тоҷикистонро ҷудо намоянд.

Хушбахтона айни ҳол мардуми тоҷик ҳамарӯза аз ВАО воқиф ҳастем ва воқеан аз дастовардҳои ноил гаштаи давлату халқамон шоҳдем. Барои ин пешравиҳо бояд шукрона намуд ва баҳри рушди ин ҷомеа заррае бошад ҳам саҳми худро гузошт.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки мо шаҳрвандони мамлакат аз пир то ҷавон омода ҳастем аз дасти шахсони ифротгаро, фитнаангез, хиёнаткор Ватани азизамонро бо кадом роҳу восита набошад ҳифз намоем. Ба ҳамаи ҷумлаву суханҳои муғризонаи онҳо вокуниши саривақтӣ нишон медиҳам. 

Бобоев А.Х. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ
аъзои фаъоли КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд