Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13, ки санаи 16 июли соли 2023 баргузор мегардад, ҷаласаи навбатии Ситоди пешазинтихоботии шаҳрӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи Ситод номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 Муинӣ Мавсума Муинзода, шахсони боэътимоди номзад, аъзои Ситоди шаҳрии пешазинтихоботӣ ва гурӯҳи ташаббускор иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, роҳбари Ситоди шаҳрӣ Бахтиёр Исматҷонов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, баён дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд доир шудани интихобот дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ситоди пешазинтихоботӣ иборат аз 27 нафар таъсис ёфта, то имрӯз дар қаламрави шаҳр барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот, муаррифии шоистаи номзади пешбаринамудаи кумиҷроияи шаҳрӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷомеа дар робита ба интихобот тадбирҳои муҳимро амалӣ гардонида истодааст.

Дар баробари ин ҳамчунин, аз ҳисоби зиёиён, занон, ҷавонон ва собиқадорони ҳизбу меҳнат гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ созмон дода шуда, амал карда истодааст.

Қайд гардид, ки то имрӯз баъд аз пешбарӣ ва бақайдгирии номзад гурӯҳҳои ташаббускор варақа ва барномаи пешазинтихоботии номзадро дар ҳамаи 64 участкаҳои интихоботӣ ва кӯчаҳаои марказии шаҳр насб намуданд.

Раиси Ситод зикр намуд, ки вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ва дигар тадбирҳо бояд ҳадафрас ба роҳ монда, барнома ва ғояҳои ҳизбӣ ба мардум ба таври возеҳ фаҳмонида шаванд. Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, яъне самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025 ба аҳолӣ расонида шавад, зеро Барномаи мазкур барои зиндагии шоиставу арзандаи мардум нигаронида шудааст ва татбиқи амалии он аз ҳар як аъзои ҳизб вобастагӣ дорад.

Бо пешниҳоди якчанд дастуру супоришҳо ҷаласаи Ситод ба кори худ хотима бахшид.