Бахшида ба таҷлили «Рӯзи модар» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарвари раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ба аёдати занону модарони ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти маъюбон дар вилояти Суғд» рафта, онҳоро ба муносибати «Рӯзи Модар» табрику муборакбод намуданд. 

Наим Маликисломӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат бо бошандагони Ҷамияти маъюбони вилояти Суғд баён дошт, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҳамеша дар мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Аз ҷониби кормандони кумиҷроияи ба бошандагони Ҷамъияти маъюбон тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.