Соли дуюм аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои оилаҳои ниёзманд, маъюбону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо нафақаи ҳизбӣ дода мешавад. Воқеан, иқдоми мазкур барои беҳбудии шароити зиндгонии ин қишри ҷомеа мусоидат карда, ҷиҳати ноил шудан ба зиндагии шоиста замина мегузорад.

Нафақаи ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд низ роҳандозӣ гардида, он аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бахтиёр Исматҷонов ба 14 оилаҳои ниёзманд дастрас карда шуд. Бояд гуфт, ки дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҷавҳараш тараннуми ростиву накӯкорӣ аст, роҳандозӣ шудани иқдоми мазкур руҳияи ин қишри ҷомеаро болида сохта, онҳоро ба ҳаёти рӯзмарра боз ҳам дилгарм намуд.

Воқеан мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.