Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки зиёда аз 90 фоизи масоҳаташро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, кишвари пурганҷ ва бой аз сарватҳои табиӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Ватани азизи мо биҳишти рӯи замин, хонаи умеди кули тоҷикон ва тоҷикистониён аст. Боиси ифтихор аст, ки дар оғӯши ин сарзамини офтобӣ мардуми бофарҳанг, соҳибхирад, сарбаланд, бонангу номус, меҳнатшиор, ватанпарвар ва ободгар умр ба сар мебаранд. Аҳли диёр аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки фарзанди як миллати тамаддунофар ва куҳанбунёд ҳастанд. Имрӯз марду зани Тоҷикистон бунёдкорию созандагиро ба худ шиор карда, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми ҷабҳаҳо садоқатмандона меҳнат карда истодаанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо соҳиби озодию мустақилияти комили сиёсӣ, Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди миллии худ гардид. Ватани маҳбубамон чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали  Муттаҳид ва ҷомеаи башарӣ эътироф гардида, Парчаму Нишони давлатии он бо рамзи рангҳояшон ҷаҳониёнро бо анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон ошно месозанд:

       Мо Ватан дорему онро посбонӣ мекунем,

       Мо ба хурсандию шодӣ зиндагонӣ мекунем.

       Қаҳрамон гаштан барои халқамон осон бувад,

       Дар тамоми ҷабҳаҳо мо қаҳрамонӣ мекунем.

      Соли равон миллати ваҳдатшиору сулҳофар 23-юмин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро таҷлил намуд. Бо ибораи дигар, зиёда аз 20 сол боз мо дар фазои сулҳу суббот, тинҷию амонӣ ва ҳамдилию рафоқат умр ба сар мебарем. Ҳамин фазою муҳити солим аст, ки кишвар рӯз то рӯз пеш меравад, тараққӣ мекунад, гулгул мешукуфад ва ободу зеботар мешавад. Дар ин радиф сатҳу сифати зиндагии сокинон боло меравад.

         Имрӯз агар гузаштаро пеши назар орем, маълум мешавад, ки тамоми пешравию дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ном ва фаъолияти серҷабҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагию алоқамандӣ дорад. Агар Ҷаноби Олӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта наҷотбахши халқу  Ватани худ намешуданд, имрӯз мо ба чунин рӯзҳои нек намерасидем.

         Тавре маълум аст, озодиву истиқлолият ва сулҳу ваҳдатро миллати тоҷик бо нархи гарон ва баҳои ҷон ба даст овардааст. Дар роҳи ҳифзи сохтори конститутсионӣ садҳо нафар фарзандони диловару шуҷои Ватан ҷони азизи худро аз даст доданд. Аз ин рӯ, ин неъматҳоро мебояд мисли гавҳараки чашм ҳифз намуд ва дигар ҳаргиз нагузошт, ки ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта такрор шаванд.

     Боиси таассуф ва нигаронист, ки дар ҷомеаи имрӯза на ҳама инро мефаҳманду дарк мекунанд. Нафароне ҳастанд, ки барояшон ягон чизи муққадас вуҷуд надорад. Онҳо пешравиҳои замони соҳибистиқлолиро дидан намехоҳанд, корашон айбмонию туҳматзанӣ ва бадном сохтани давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст. Ин тоифа мехоҳанд бо ҳар роҳ вазъи сиёсиро дар кишвар ноором созанд. Ҳоло, ки дар арафаи маъракаи муҳими сиёсии интихобот қарор дорем, чунин бадхоҳону хинон бештар фаъол шудаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки чунин душманону хоинонро шиносему бар муқобили онҳо бароем. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муққадастарини давлату давлатдориро дарк ва ҳифз намудани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулияти ҳар як фарди бедордили ҷомеа мебошад. Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи он барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад.

         Кайд кардан бамаврид аст, ки дар ин самт ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ низ корҳои муайянро ба иҷро мерасонанд. Баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёт ва дониши сиёсии аҳли ҷомеа дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Дар марҳилаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва ҳаргиз ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Тавре шоир мегӯяд:

 Дубора созамат Ватан,

Ба хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба боми ту

Зи устухони хештан.

 

Исмоил Латипов

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ

 ва назорати КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд