Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар беморхонаи шаҳрии №2 чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Сардори раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҷомеаи меҳнатии беморхонаи шаҳрии №2 расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шоистаи зикр аст, ки табибони вилоят, дар қатори духтурону олимони машҳури дунё, бо фаъолияти пурмаҳсулашон собит мекунанд, ки ворисони арзанда ва ҳақиқии гузаштагон мебошанд. Алҳол дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 5025 нафар табибон фаъолият доранд ва аз ҷумлаи онҳо 80 нафарашон соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзади илмҳои тиб ҳастанд. Илова бар ин, 16659 нафар кормандони миёнаи тиб ва 6359 нафар кормандони хурди тиб ёварони ҳақиқии табибон маҳсуб ёфта, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд ва ба эҳтирому боварии мардум сазовор гардидаанд".

Таъкид шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, омодагиҳо вусъати тоза гирифтаанд. Дар назар аст, ки ба ин муносибат дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир, азнавсозӣ ва созмон додани ҳуҷраҳои таваллуд ва хатнаи кӯдакон, дар маҷмуъ 267 иншоот ба анҷом расонида мешавад.

Маъруф Муҳаммадзода аҳли табибони беморхонаро бо иди касбиашон табрик гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ниҳоди ҳаётан муҳим иҷрои рисолати аслии худ, яъне нигаҳдории саломатии сокинони кишвар ва пешгирии бемориҳоро дар сатҳи касбӣ таъмин намуда, табибони мо бо ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави ташхису табобат ворисони аслии Синои бузург будани худро собит карда тавонанд. Табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифов низ табибонро бо иди касбишон таҳният гуфта, ба сардухтури беморхонаи шаҳрии №2 Ваҳобзода Абдусалом бо медали ҷашнии «20 – солагии ҲХДТ» ва ба 3 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб Сипомнома ва Ифтихорномаи Кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим кард.

Сипас ба як қатор машъалафрӯзони соҳа ва собиқадорон нишони «Аълочии тандурустӣ», тӯҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд