Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Офият» дар беморхонаи сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, сармуҳарири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳобов ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид.
Намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ дар вохӯрӣ бо кормандони беморхонаи мазкур иброз намуд, ки «Паёми имсола идомаи мантиқии паёмҳои солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти давлатро барои оянда муайян мекунад. Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».