Матбуот дар ҳама давр минбари розу ниёз ва пур кардани маънавиёт буду ҳаст. Хосатан агар масъулони васоити ахбори омма воқеаву ҳодисаҳоро мӯшикофона ва воқеъбинона таҳлилу баррасӣ намуда, мавқеи худро дар ҳама ҳолат нишон дода тавонад, аз маҳбубтарин расонаҳои хабарӣ дониста мешавад. Арзи ҳастӣ намудани нашрияи дилогоҳи ҳизбиёни кишвар бо номи «Минбари халқ» натанҳо афкору ақидаи ҳизбиёнро, балки ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад. Мо ҳамарӯза аз саҳифаҳои он хабару гузоришҳо, таҳлилу мусоҳибаҳои саривақтиро мутоиланамуда, ҷаҳони маънавии худро бойтар месозем. Тибқи мушоҳидаҳо дастандаркорони нашрия мекӯшанд аз шумора ба шумораи дигар онро пурмӯҳтавою ҷолиб таҳия кунанд. Махсусан вокунишҳо ба ин ё он маводҳо, андешаҳои коршиносони сиёсӣ, таҳлилу баррасии ин ё он воқеа хеле моҳирона рӯи саҳифаҳои газета дарҷ мегарданд.

Нашрия дар ваҳдату худшиносии миллӣ, шинохти аслии чеҳраҳои тобноки бузурги миллат хидмати шоиста карда, аз фаъолияти густурдаи давлат ва ҳукумати кишвар дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотҳои бештар медиҳад. Ҳамзамон нашрия минбари розу ниёзи ҳизбиён буда, дар ҳар шумора аз ҳаёти ҳизбии кишвар маълумоти аниқу дақиқ медиҳад.

Бо гумони ғолиб нашрия аз маҳбубтарин расонаҳои хабарии кишвар маҳсуб шуда, алҳол сафи муштариёнаш наздики 55 ҳазор нафарро дар бар мегирад.

Тозапайғом он аст, ки ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят яке аз аввалинҳо шуда, меъёри обунаро ба ин нашрия иҷро карданд. Зеро ҳар як аъзои фаъоли ҳизб имрӯз дарк кардааст, ки нашрия такягоҳи асосии онҳо дар пур кардани фазои иттилоотӣ маҳсуб меёбад. Итминони комил дорем, ки ҳамкории аъзо ва пайравон минбаъд низ бо нашрия густариш ёфта, саҳифаҳои онро очерку гузоришҳо аз шаҳри Хуҷанд боз ҳам рангинтару мукаммалтар менамояд.