Дар доираи сафари хизматии муовини Раиси ҲХДТ Асрор Қурбон  дар ДДХБСТ бо ҳайати олимон, устодон ва донишҷӯён вобаста ба фаҳмондадиҳии барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир шуд.

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, ректори донишгоҳ Мӯмин Шарифзода ва  аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Ҷамшед Тюраев  иштирок намуданд.

Баъди ифтитоҳи вохӯрӣ аз ҷониби ректори ДДХБСТ дар назди аҳли толор  муовини Раиси ҲХДТ Асрор Қурбон ва  Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзода суханронӣ намуда, муҳимтарин самтҳои барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро шарҳ доданд.

Дар идомаи вохӯрӣ аъзоёни  маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ҷонибдориашонро аз сиёсати давлату Ҳукумат ва ҲХДТ баён намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдорӣ баён карданд.  

Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаи  озод ба охир расид.