Субҳи рузи 8-уми май бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардид.

Бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони ин ҷанг ба мавзеи таҷлили иди Ғалаба роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд.