Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 28-уми октябри соли 2015 дар Маркази саломатии шаҳрии №3 бо иштироки раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ дар самти соҳаи тандурустӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, фаҳмондадиҳии дастовардҳои замони истиқлолият, иҷрои саривақтии нақшаи «Обуна-2016» ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ вохӯрӣ доир карда шуд. Раиси кумиҷроия зимни вохӯриҳо таъкид кард, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани муттахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдоми зарурӣ медонад. Дар ҳамин маврид аз кормандони Маркази саломатии шаҳрии №3 даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалӣ гардидани чунин ҳадафҳои созандаи ҲХДТ камари ҳиммат баста, барои рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ саҳми назарраси худро гузоранд.