Истиқлолият ганҷи бебаҳост, то ба  даст овардани он мардуми      заҳматкаши Тоҷикистон орзу мекарданд, ки дар давлати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд умр ба сар баранд. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 30 сол кабл аз ин Истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми тоҷик гардид.

Имрӯзҳо хурду бузурги сокинони кишвар бо як руҳияи болида ва шукронаи сулҳу оромии давлат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд. Ба ин хотир дар арафаи иди истиқлол аз тарафи Кумитаи иҷрояи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд бо роҳбарии раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар якчанд фаъолон, собиқадорон ва оилаҳои камбизоат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маводи озуқа аёдат карда шуданд.

Аз чеҳраи ҳар кадоми аёдаткардагон воқиф гардидем, ки  шукронаи давлат ва Пешвои миллатро мекарданду   барои пойдории сулҳ ва тинҷии кишвар даст ба дуо бародоштанд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат ҳамаи ин ободиву зебоӣ ва гул гул шукуфоии ватанамон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

 Мо бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки  барои тараққиёт ва пешрафти кишвар каме бошад ҳам саҳми худро гузорем.